Ҳазорон меҳмонони хушҳоли “МегаФон Football Day”
Чунин аст натиҷаи ҷашне, ки ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба муносибати зодрӯзи худ дар шарикӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ташкил намуд. Сарфи назар аз номи чорабинӣ – “МегаФон Football Day: мусобиқа бо ситораҳо” – сокинони Душанберо на танҳо дилхушиҳои варзишӣ мунтазир буданд.
Рӯйдоди муҳимтарини рӯз – мусобиқае буд, ки дар он бозингарони шинохтаи дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бо ситораҳои Instagram ва шоу-бизнес муттаҳид шуданд. Ба ҳайси бозингарони касбӣ Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев ва Фатҳулло Фатҳуллоев баромад намуданд. Дар баробари футболбозон сарояндагони номдор Азиз Азизов (Corleone), ғолиби шоу-озмуни “Ну-ка все вместе!” Фаррух Ҳасанов, модел ва ҳунарманд Menchos, сардори иттиҳодияи блогерҳо ва вайнерҳои Тоҷикистон Бахтиёр Маҷитов ва вайнер Фаридун Сафаров низ ба майдон баромаданд. Натиҷаи бозии хеле зебо ва ҳаяҷонбахш бо ҳисоби мусовии 6:6 хотима ёфт.
1 сентябр муҳити Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе хеле “тафсон” буд. Меҳмонони варзишгоҳ зимни гузаронидани машғулиятҳои омӯзишии футбол ва эстафетаҳои оилавӣ дар қобилияти идоракунии тӯб қувваозмоӣ мекарданд. Бо усули караоке таронаҳо сароида сазовори қарсакҳои тамошобинон мешуданд. Дар озмунҳои баранда Абдулвали Соҳибов туҳфаҳо ба даст меоварданд ва таҳти маҷмӯи мусиқии диҷей Emre Jan ва сурудҳои сарояндагони тоҷик рақсу бозӣ карда, бо гӯш кардани шӯхиҳои стендапер Ҳабиб вақти худро хеле хуш мегузарониданд.
“Имрӯз аввалин маротиба караоке сароидам. Рости, ин кор бароям хеле мушкил буд, лекин ман қарор кардам, вақти он расидааст, ки тарсу ҳаросро назди саҳна билохира паси сар намоям. МегаФон Тоҷикистон таассуроту эҳсосоти фаромӯшнашаванда ҳадя намуд!” – изҳор дошт донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Рустам.
“МегаФон Тоҷикистон пайваста дар ҳайрат мегузорад, ширкат ҳар сол ҳатман ягон чорабинии ҷолиберо ташкил менамояд. Имрӯз мо бо аҳли оила вақтро хеле олиҷаноб гузаронидем. Кӯдакон имкон пайдо карданд, ки бозиҳо карда, хурсандӣ намоянд, ман бошам, аз баромади Зулайхо басо ҳаловат бурдам. Ташаккур ба Шумо!” – таассуроти худро баён намуд сокини Душанбе Насиба.
Қаҳрамони асосии ҷашн, албатта, футбол буд. Ҳанӯз аз оғози барнома дар майдони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” бозингарони дастаи мунтахаби миллӣ – нимҳимоятгарон Шервони Мабатшоев, Эҳсони Панҷшанбе ва ҳимоягар Табрез Исломов намудор шуданд. Онҳо ба мухлисони хурду калони худ соядастҳо гузошта, бо онҳо суҳбатҳо карда, аксҳо гирифтанд.
“Меҳмонони ҷашн имкон пайдо карданд, ки бо футболбозони дӯстдоштаи худ, ки қаблан онҳоро танҳо тариқи телевизор ё аз нишастгоҳҳои варзишгоҳ дида метавонистанд, мулоқот намоянд. Барои меҳмонони “МегаФон Football Day” ин як хотираи рангин хоҳад буд. Хеле писанд аст, ки якҷоя бо ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба мо муяссар шуд, ки чорабиниро дар сатҳи баланд доир карда, бори дигар боварӣ ҳосил намоем, ки то чӣ андоза футбол дар давлати мо маъмулу машҳур аст!” – мегӯяд ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯразода.
Намоишҳои футбол дар майдони киберварзиш низ хеле пурҷӯшу хурӯш сурат мегирифтанд. Бо ёрии “Интернет барои хона” меҳмонон дар FIFA бозиҳо карда, дар мисоли худ нишон доданд, ки ҳатто футболи онлайн низ таассуроти барҷаста мебахшад. Ҳамчунин ҳама имконият доштанд, ки ба суръати баланди интернети хонавӣ боварии том ҳосил кунанд.
“Вақте барои одамон ҷашн барпо мекунӣ – ин худ як хушбахтист! Тамоми рӯз мо бо муштариён будем, дар яке аз нишастгоҳҳо мусобиқаи ситораҳоро пайгирӣ мекардем, лаҳзаҳои ҳассоси бозиро бо ҳам медидем. Якҷоя будан барои якдигарро хуб фаҳмидан ниҳоят муҳим аст. Барои ҳамин ташкили ҷашнҳои калон ба муносибати зодрӯзи ширкат ба як анъанаи неки мо табдил ёфтааст. То боздид дар соли оянда!” – мегӯяд директори иҷроияи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий Изюмников.
Нушокии расмии “МегаФон Football Day: мусобиқа бо ситораҳо” – Siyoma.
Шарики расмӣ – мағозаҳои савдои «Пайкар».
Шарики кулли иттилоотии “МегаФон Football Day: мусобиқа бо ситораҳо” – АМИТ “Ховар”.
Шарики расмии иттилоотӣ – Pressa.tj.
Шарикони иттилоотӣ: ТВ “Тоҷикистон”, ТВ “Ҷаҳоннамо”, “Love Radio TJ”, “Sputnik Тоҷикистон”.