Ҳамоиш бахшида ба 30-солагии Конститутсия ва 100-солагии таъсиси КВД “Почтаи Тоҷик” дар Хадамоти алоқа
Имрӯз дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 100-солагии таъсиси КВД “Почтаи тоҷик” ҳамоиш баргузор гардид.
Ҳамоишро Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқа ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва 100-солагии хадамоти почта дар кишвар табрику таҳният гуфт.
Сардори Хадамоти алоқа таъкид намуд, ки қабули Конститутсия заминаи инкишофи пояҳои давлатдориро дар ҳама самту соҳаҳо, аз ҷумла дар самти алоқа, муайян карда, заминаи рушди давлати миллӣ фароҳам сохт.
Ҳамчунин Бег Сабур бо ишора таърихи расмии фаъолияти садсолаи хадамоти почта дар Тоҷикистон гуфт, “Почтаи Тоҷик” дар ҳама марҳилаҳои таърихӣ рисолати худро иҷро карда, дар замони соҳибистиқлолӣ ва рушди технологияи муросилот фаъолияти худро такмил дод.
Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли 2024 аз оғози фаъолияти расмии “Почтаи тоҷик” 100 сол пурра шуд. Дар сентябри соли 1924 дар Душанбе шуъбаи алоқаи стасионарӣ бо ҳайати кории 7 нафара ташкил карда шуд. Бо таъсиси почта муросилот афзуд ва дар соли 1924 30 000 мактуб қабул карда шуд. Дар замони таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 1929 почта 46 идора ва 150 қуттӣ дошт. 34 хаткашони савора дар деҳотҷойҳо ба мардум хидмат мерасонданд. Барои тайёр кардани мутахассисони маҳаллии соҳа дар соли 1931 Омӯзишгоҳи алоқа (ПТУ №5, ҳоло литсеи алоқа) кушода шуд.
Дар соли 1935 дар шаҳри Душанбе бинои марказии алоқа (главпочтамт) сохта шуд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ почта хеле фаъол буд ва танҳо дар соли 1943 барои ҷанговарон 10 000 баста бо туҳфаҳои солинавӣ қабул ва ирсол карда шуд. Пас аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ фаолияти почта коҳиш ёфт.
Барои ташаккул додани почтаи худӣ давлати мустақили Тоҷикистон чораҷӯиҳо намуд. 9 июни соли 1994 ҷумҳурӣ шомили Иттиҳоди алоқаи ҷаҳонӣ гардид. Баъди барҳамхӯрии ИҶШС дар соли 1991 Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа созмон дода шуд ва Тоҷикистон ҳам узви он мебошад. Дар соли 1996 ба ҳадафи касби мақоми ҳуқуқӣ ҳамчун муассисаи мустақили соҳаи алоқа азнавтаъсисдиҳии соҳаи алоқа анҷом пазируфт ва Департаменти Давлатии “Почта Тоҷикистон” таъсис дода шуд. Дар ибтидои соли 1997 баъд аз якҷошавии ду вазорат – алоқа ва нақлиёт ба Корхонаи Воҳиди Давлатии “Почтаи Тоҷик” табдил дода шуд, ки то имрӯз хидматрасониҳои соҳаи алоқаро ба амал меоварад.
Аз соли 1992 маркаҳои почтавии худро мебарорад. 1 октябри соли 2001 муассисаи мустақили “Маркази марка” таъсис дода шуд.
Дар солҳои 2002 – 2003 “Қонун дар бораи алоқаи почта”-ро тасвиб шуд, ки он тартиби фаъолияти почтаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ кардааст.
Дар фарҷоми чорабинӣ чанде аз кормандони соҳаи алоқаи кишвар бо унвони фахрии медали “100-солагии Почтаи Тоҷик” сарфароз гардонида шуданд.