Ҳама роҳҳо сӯи “Анор” мебаранд
Ҳамагӣ дар як сол оператори ҷавони мобилии “Анор” тавонист мақоми устуворро соҳиб шуда, сазовори эҳтироми муштариён гардад. Хизматрасониҳои ширкат дар тамоми кишвар дастрас ҳастанд: дар Душанбе ва НТМ, Суғд, Хатлон ва ВМКБ. Мо дар байни ҷомеа пурсиш гузаронида, сабаби маъруф гардидани ин ширкатро тӯли чунин муддати кӯтоҳ муайян намудем.
Умар Исмоилов, фурӯшандаи либоси мардона:
– Ман дар гурӯҳҳо молҳоямро мегузорам, интернети мобилиро зиёд истифода мебарам. Тарофаҳои “Анор” қулай ва аз ҷиҳати нархҳо дастрасанд, барои ман ин хеле хуб аст. Бо 50 сомонӣ ман зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака ва интернети бемаҳдуди шабонаро дастрас мекунам. Инчунин хеле писанд аст, ки рақамро ман худ интихоб карда метавонаму дар баробари ин хизматрасонии бурдарасонии SIM-кортҳо дар Душанбе мавҷуд мебошад.
Зарина Комилова, сокини Хуҷанд:
– SIM-корти “Анор”-ро ҳамон вақте дастрас кардам, ки дар вилояти Суғд иқдом ҷараён дошт: ним сол метавонистам барои тарофа ҳамагӣ 25 сомонӣ маблағ пардохт намоям. Бастаи хизматрасониҳо васеъ аст, шахсан барои ман кифоя мебошад. Ҳоло иқдом ба поён расидааст, лекин нархи тарофаи ман ба ҳар ҳол хеле хуб аст. Ба роҳат истифода мебарам!
Маҳмад Ҷабборов, ронандаи такси:
– Ман ба ҳайси ронандаи такси кор мекунам, ин маънои онро дорад, ки ман ҳамеша бояд дар алоқа бошам. “Анор” чунин имкониятро фароҳам меорад, дар тарофаи ман – “Диёр 50” зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака ва 600 дақиқа барои зангҳои дигар пешбинӣ шудаанд. Вақте ман қарор кардам, ки муштарии ширкат мешавам, бароям ин аз ҳама муҳим буд. Инчунин мехостам алоқаи устуворро дар тамоми Тоҷикистон қайд кунам, ин шабака дар вақти сафарҳо маро боре нороҳат накарда буд.
Ҷамшед Пиров, донишҷӯ:
– Ба ман интернет, аниқтараш интернети арзон доим даркор аст. Вақте дар бораи оператори нав огоҳӣ пайдо кардам, дарҳол аз паи пайдо кардани маълумот дар бораи нархҳо ва таркиби тарофаҳояш шудам. “Диёр 40”-ро интихоб кардам, ки дар он 6 000 Мб интернет ва белимити шабона пешбинӣ шудааст. Омодашавӣ ба дарсҳо ниҳоят осон гардид.
Ситора Сафарова, сокини Душанбе:
– Тарзи хизматрасонии муштариён бароям писанд омад. Курер SIM-кортро хеле зуд оварда расонид, дар Душанбе идораҳое ҳастанд, ки ҳамеша омодаанд, дар ҳалли ҳама гуна масъалаҳо кӯмак расонанд, ҳол он ки ман он қадар мушкилие надорам. Бо боварии том тавсия медиҳам!