Ғолибияти корманди “Вавилон” дар Ҷоми “ASRORI S – 2024”

Навид

Ғолибияти корманди “Вавилон” дар Ҷоми “ASRORI S – 2024”

25-уми август дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Федератсияи Пауэрлифтинг, бодибилдинг ва фитнеси Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни ҷавонон ва собиқадорон (У2) мусобиқаи кушоди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пауэртифтинг аз намуди ёзидан бо даст (жим лёжа) барои дарёфти Ҷоми “ASRORI S – 2024”баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур сардори басти Хадамоти бехатарии ҶСП “Вавилон Мобайл” Мирзоев Шамсиддин иштирок карда, дар вазни +93 кг. ғолиб омада, сазовори ҷои дуюм гардид ва бо медал ва Дипломи Федератсияи Пауэрлифтинг, бодибилдинг ва фитнеси Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Мирзоев Шамсиддинро барои ғолибияти навбатӣ табрик ва таҳният гуфта, барояш музаффариятҳои бештарро таманно мекунем.