Ҳамёнҳои мобилии Тоҷикистон ба QR-рамзи ягона мегузаранд

Ахбороти технологияҳо Навид

Ҳамёнҳои мобилии Тоҷикистон ба QR-рамзи ягона мегузаранд

Ҳамаи истифодабарандагони «Ҳамён»-и барномаи мобилии «MeгаФон Life» метавонанд бо истифодаи QR-рамзи ягона, ки барои мизоҷони бонкҳои гуногун эътибор дорад, маблағи молу хизматрасониҳоро пардохт намоянд.  Ин имкон медиҳад, ки смартфон ба ҷои пули нақд ё кортҳои бонкӣ истифода бурда шавад.

QR-рамзи ягона барои бароҳаттар кардани раванди пардохт пешбинӣ шудааст. Пештар ҳар як бонк QR-и худро дошт ва пардохтҳо танҳо аз як барномаи мобилӣ анҷом дода мешуданд. Ҳоло бошад, ҳамон як рамз дар Mobile App-и гуногун амал мекунад. Ҳамин тариқ, барои муштариёни дилхоҳ бонкҳо — шарикони лоиҳа ҷиҳати пардохтҳои қулайи ғайринақдӣ танҳо боргирии «МегаФон Life» ва фаъол кардани он кофист.

Айни замон мизоҷони ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» ва «Алиф Бонк» метавонанд барномаро тавассути QR-рамзи ягона барои пардохти маблағҳо истифода баранд. Ба истифодабарандагони ҳамёни «MeгаФон Life» имконияти пардохт бо QR-рамзи ягона дар он ҷойҳое, ки қаблан рамзҳои ҳамёнҳои мобилии Humo Online, Alif Mobi ва MyBabilon гузошта шуда буданд, дастрас мебошад. Тахминан 430 нуқтаи савдо дар Тоҷикистон аллакай шарики лоиҳа шудаанд ва рӯйхати онҳо пайваста меафзояд.

Мувофиқи принсипи фаъолият, QR-рамзи ягона аз рамзҳои оддӣ фарқ надорад, маълумот ба таври автоматӣ хонда мешавад. Аз ин рӯ, барои корбарони «MeгаФон Life» ягон танзимоти махсус ё амалҳои иловагӣ лозим намешаванд. Дар баробари ин, афзалиятҳои замима аз ширкати «МегаФон Тоҷикистон» нигоҳ дошта мешаванд. Ҳамин тариқ, ҳангоми пардохт бо ёрии «Ҳамён»-и мобилӣ холҳои бонусии «Раҳмат» ва дар баъзе ҳолатҳо — кэшбэк пешниҳод мегардад. Ҳамаи ин истифодаи QR-рамзи ягонаро боз ҳам муфидтар ва қулайтар мегардонад.

QR-рамзи ягона аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки шарикон ҷорӣ карда шудааст.

Манбаъ:https://pressa.tj/