Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар Бораи консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Бо мақсади ташаккул ва рушди сиёсати давлати дар таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон  медиҳам: Консенсияи амнияти: иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад). Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати се моҳ: — Барномаи таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва тасдиқ намояд; — оид ба таъмини ташкиливу молиявии татбиқи Консепсияи мазкур тадбирҳои зарури андешад; […]

Иқтибос аз суханронии асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — пешвои миллат, президети Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва татбиқи ҳарчи васеъи он дар ҷомеа яке аз ниёзмандиҳои замони ҷаҳонишавӣ ба шумор рафта, дар заминаи он ташаккули ҳукумати электронӣ аз масъалаҳои муҳими замони муосир мебошад. Кишварҳое, ки дар истифодабарии имкониятҳои технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардидаанд, пеш аз ҳама ба масъалаҳои қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, омода […]